Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 бо дастаҳои Латвия, Русия ва Эстония рақобат мекунад. Ин натиҷа бар асоси қуръакашии мусобиқаи 24-уми байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 муайян гардид. Ин мусобиқа аз 16-ум то 24-уми январи соли 2016 бо ширкати 8 даста, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо мегардад. Ба мусобиқа бозигарони соли таваллудашон на аз 1994 боло роҳ дода мешаванд. Барои ба даст овардани Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Эстония мубориза мебаранд. Дар ин бора news.tj хабар медиҳад.
Тони Фергюсон мубталои коронавирус шуд
Размовари амрикоии UFC Тони Фергюсон мегӯяд, ки ба вируси COVID-19 мубтало шудааст. Тибқи маълумотҳои ESPN пештар қайд карда буд, дар моҳи март Тони ва дӯстдухтараш ...


Нет комментариев