Раиси вилояти Суғд гурӯҳи ҳафт нафараи ҳунармандони афғонро, ки барои омӯзонидани қолинбофии тарзи афғонӣ ба вилояти Суғд даъват шуданд, ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот гуфта шуд, ки ҳамкории судманди дуҷониба метавонад дар рушди фарҳангу ҳунарҳои муштарак мусоидат намояд. Ҳунармандони афғонӣ қаноатмандии худро аз ҳамкориҳои судманд баён дошта, изҳор намуданд, ки дар марҳилаи аввали муайянгардида, ки 6 моҳро дар бар мегирад, тамоми нозукиҳои қолинбофии афғониро ба занони тоҷик меомузонанд. Ҳунармандони афғон ҳамзамон аз маркази таълимӣ — истеҳсолии «Шероз» боздид намуда, пас аз шиносоӣ изҳор доштанд, ки аллакай занони тоҷик ҳунари қолинбофиро балад гаштаанд. Аммо боз зарур аст, ки онро рушд ва такмил диҳанд. Бояд гуфт, ки анъанаи қолинбофии тарзи афғонӣ таърихи бисёрсола дошта, айни замон бо ин ҳунар зиёда аз 6 миллион шаҳрвандони Афғонистон шуғл меварзанд. Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳанд.
Таъсиси низоми муштараки алоқаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ
Кишварҳои ИДМ низоми муштараки алоқаи қувваҳои мусаллаҳро барои табодули иттилоот ва ҳамоҳангсозӣ дар ҷараёни ҳамкорӣ миёни артиши кишварҳои Иттиҳод таъсис доданд, чунин бармеояд аз матни ...


рахмат барои хабар ки дастраси мо кардед
Ташаккур барои маълумот
Рахмати калон барои хабар