Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳунармандони Афғонистон

3
6 425 просмотров

афганРаиси вилояти Суғд гурӯҳи ҳафт нафараи ҳунармандони афғонро, ки барои омӯзонидани қолинбофии тарзи афғонӣ ба вилояти Суғд даъват шуданд, ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот гуфта шуд, ки ҳамкории  судманди дуҷониба метавонад дар рушди фарҳангу ҳунарҳои муштарак мусоидат намояд. Ҳунармандони афғонӣ қаноатмандии худро аз ҳамкориҳои судманд баён дошта, изҳор намуданд, ки дар марҳилаи аввали  муайянгардида, ки 6 моҳро дар бар мегирад, тамоми нозукиҳои қолинбофии афғониро ба занони тоҷик меомузонанд. Ҳунармандони афғон ҳамзамон аз маркази таълимӣ — истеҳсолии «Шероз» боздид намуда, пас аз шиносоӣ изҳор доштанд, ки аллакай занони тоҷик ҳунари қолинбофиро балад гаштаанд. Аммо боз зарур аст, ки онро рушд ва такмил диҳанд. Бояд гуфт, ки анъанаи қолинбофии тарзи афғонӣ таърихи бисёрсола дошта, айни замон бо ин ҳунар зиёда аз 6 миллион шаҳрвандони Афғонистон шуғл меварзанд. Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳанд.

3 comments

Добавить комментарий для мехрона Отменить ответ

Также рекомендуем

Самый высокий восьмилетний ребенок в мире

Индийский мальчик по имени Каран Сингх стал рекордсменом Книги рекордов Гиннеса сразу после рождения. Рост новорожденного составлял 63 сантиметра, а вес 7,8 килограмм. Теперь же ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: