Дируз мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Ҷон Ку баргузор гашт. Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар мавриди омодагии ҷонибҳо ба чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ — Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ, ки моҳи апрел дар шаҳри Тегуи Корея баргузор мегардад ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, ки онро дар моҳи июни соли ҷорӣ Душанбе мизбонӣ мекунад, табодули назар сурат гирифт. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медихад.
Рамзӣ Шамиров — аввалин довари сатҳи байналмилалӣ аз Тоҷикистон
Рамзӣ Шамиров дар таърихи варзиши тоҷик аввалин мутахассисест, ки ба гирифтани унвони «Довари дараҷаи байналмилалии «А” оид ба дзюдо» мушарраф шудааст. Инчунин вай дар байни ...


Рахмати калон барои маълумот