Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Русия

0
1 386 просмотров

Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати кишвари иқомат Сергей Катирин 1 апрел баргузор гардид. 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарокат миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия табодули афкор намуданд.

Д. Гулмаҳмадзода ва С. Катирин зарурати баргузории ҳамоишҳои муштараки тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро бо мақсади афзоиш додани мубодилаи молу маҳсулот ва табодули таҷрибаи соҳибкорони ду кишвар таъкид карданд. Дар ин росто, ҷонибҳо ба масъалаи афзоиши содироти молу  маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар самти тичорат, иқтисод ва сармоягузорӣ изҳор карданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нашествие ночных бабочек в Беларуси

Бесчисленное количество мотыльков вылетали и устремлялись к фонарям. Белорусский город Витебск атаковали ночные бабочки-поденки. Местные жители сняли видео, как улицы атаковали полчища мотыльков. Как сообщает ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: