Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов

0
3 392 просмотров

Дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба иштироки муштарак дар таъмини амнияту субот дар қаламрави Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақа, инчунин тақвияти иқтидору имкониятҳои нерӯҳои марзбонӣ табодули афкор намуданд.

Доир ба ҳамдастии муштарак дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимати густурда ба муқобили гурӯҳои муташаккили ҷиноӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён шуда зарурати таҳкими равобити дуҷониба барои таъмини сартосарии амнияти миллӣ ва густариши ҳамкории байни хадамотҳои махсуси амниятии Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид гардид.

Манбаъ:  khovar.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

В ООН раскритиковали новый указ Трампа об иммиграции

Верховный комиссар ООН по правам беженцев Филиппо Гранди обеспокоен новым указом президента США Дональда Трампа относительно переселения беженцев, сообщает центр новостей Всемирной организации. «Беженцы — это обычные ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: