Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон 

0
771 просмотров

29 январ дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва иштирок дар кори конфронси 17-уми байналмилалии Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки  байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ амал менамоянд. Сафари аъзои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ҳарду давлат ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷабҳаи парлумонҳо, боздиди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин дидору мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳо анҷом гирифт.

«Ҳоло мо бо парлумонҳои зиёди давлатҳои дунё равобити хуби корӣ ба роҳ мондаем, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода. — Аз таҷрибаи якдигар самаранок ва бештар истифода мебарем».

Дар фарҷоми мулоқот ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

Манбаъ: АМИТ  «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

4 медали самбочиёни тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон

Варзишгарони навраси тоҷик дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мактаббачагони солҳои таваллудашон 2002-2003, ки санаҳои 23-24-уми август дар шаҳри Орёли Россия баргузор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: