Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ муҳокима шуд

0
3 037 просмотров

Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ширкати байналмилалии «Mastercard» барои намояндагони сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар мавзӯи «Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тамоюли ҷаҳонӣ дар ин самт»  мизи мудавварро баргузор намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ хабар доданд, ҳамоишро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур ин шинос намудани намояндагони мақомоти давлатӣ ва мутахассисиони Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоюли муосири ҷаҳонӣ дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири пардохти электронӣ ва таъмини амнияти амалиётҳои ғайринақдӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ширкати «Mastercard» яке аз низомҳои пардохтии бонуфуз буда, дорои таҷрибаи ғанӣ дар самти татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ мебошад.

Инчунин дар ҷамъомад, намояндагони Ширкати байналмилалии «Mastercard» Игор Степанов, Антон Бороздин ва Евгений Балезин бо рӯнамоиҳо дар мавзӯъҳои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тамоюли ҷаҳонӣ дар ин самт, татбиқи хизматрасониҳои инноватсионӣ, Smart cities – консепсияи шаҳри оқил, барномаҳо барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, амнияти амалиётҳо бо кортҳои пардохтӣ ва пешгирии амалҳои қаллобӣ баромад намуда, ба иштирокчиёни ҳамоиш оид ба таҷрибаи Ширкати байналмилалии «Mastercard» дар ин самт маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Тоҷикистон Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон бунёд мешавад

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва кумак ба ҷавонон дар дарёфти ҷойи кори муносиб дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ Маркази ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: