Варзишгарони тоҷик Мавзуна Чориева, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон ва Муҳаммад Бодаков, қаҳрамон ва дорандаи як қатор ҷоизаҳои мусобиқаҳои байналмилалӣ дар риштаи каратэ-до аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мутаносибан дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода номзадҳо ба вакилӣ пешбарӣ шуданд. Ҳарду варзишгар ба васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ дар ин робита изҳор намудаанд, ки дар сурат соҳиб шудан ба курсии вакилӣ, баҳри рушди варзиш ва дастгирии ҷавонон талош хоҳанд варзид. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиии назди ҳукумати ҶТ, беҳтарин варзишгари соли 2014 дар Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаров қайд кард, ки пешбарии варзишгарон ба вакилӣ падидаи мусбат дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон аст. «Умедворем, ки дар интихоботи минбаъда шумори вакилон аз ҳисоби варзишгарон зиёд хоҳад шуд», — гуфт Дилшод Назаров. Дар ин бора news.tjхабар медиҳад.
Нахустин Фестивали «Наврўз — мероси фарҳангии сайёҳӣ»
Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба ...


ташаккури зиёд барои хабархо