Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони майдончаи варзишӣ дар ҳудуди муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 1»-и шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Дар расми ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Тибқи лоиҳа майдони футболи хурд 20 метр паҳноӣ дошта, дарозии он ба 40 метр баробар хоҳад шуд. Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, иҷрои корҳоро Ширкати сохтмонии ҶДММ «Садоқат-Суғд» ба зимма гирифтааст. Барои ин аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст. Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.
LG Q42 расман муаррифӣ шуд. Смартфони арзон бо 4 камера
LG Q42 смартфонест, ки доираи ин истеҳсолкунандаи Кореяро васеъ кардааст. Ин дафъа пешниҳоди бо нархи паст аст. Навгонӣ дорои экрани 6,6 дюймаи HD + LCD ...


Нет комментариев