Матбуоти тоҷик 105-сола мешавад

0
5 036 просмотров

Дафтраи матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Барномаҳои бузургдошт аз Рӯзи матбуоти тоҷик 10 март дар Намоишсарои Лоҳутӣ (Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ) баргузор хоҳанд шуд. Ин ҷашн бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷашн намояндагони давлат, расонаҳо ва устодону собиқадорони матбуот ширкат хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки нахустин рӯзнома ба забони форсии тоҷикӣ 11 марти соли 1912 дар Бухоро мунташир шуда буд ва «Бухорои шариф» ном дошт. Пас аз мустақил шудани Тоҷикистон 11 март «Рӯзи матбуоти тоҷик» эълом шуд ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Манбаъ: http://sputnik-tj.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Иди Қурбон муборак !

Иди Қурбон таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, бахусус силаву навозиши ятимону бепарасторон, аёдату табрики хешу ақрабо, беморону пиронсолон, зиёрати марқад ва поси хотири гузаштагон, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: