«Машруботи Суғд» дар «ProdExpo-2022» бо ду медал қадрдонӣ гардид

0
1 726 просмотров

Маҳсулоти ватании Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Машруботи Суғд»​ дар​ озмуни «Маҳсулоти беҳтарин», ки дар​ доираи намоишгоҳи «ProdExpo-2022»​ дар шаҳри Москва доир шуд,​ соҳиби 2 медал гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи 29-уми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «ProdExpo-2022» аз 7 то 11 феврал дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид ва ​ дар он корхонаҳои истеҳсолӣ, ки аъзои Палатаи савдо ва саноат буда, ба истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ, меваҳои хушк, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, иштирок намуданд.

«ProdExpo-2022»​ бузургтарин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Русия ва Аврупои Шарқӣ​ арзёбӣ гардида,  беш аз 2000 иштирокчиро аз 54 кишвари ҷаҳон дар Москва ҷамъ​ овард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Гулу ниҳолшинонӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк»

21 марти соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми тантанаҳои идонаи наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: