Маросими ҷоизасупорӣ ба ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ

0
4 234 просмотров

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки   раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода,  маросими ҷоизасупории ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонониТоҷикистон  баргузор гардид.

Дар ҷамъомад ба ғолибони  озмуни иншои беҳтарин, ки   бахшида ба Рӯзи ҷавонон эълон гардида буд, инчунин  ба  хатмкунандагони курси омӯзишии «Ҷавонон  пайрави Пешвои миллат» шаҳодатнома ва ҳамзамон барои беҳтарин  варзишгарон унвонҳои дараҷаи варзишгарӣ тақдим гардид.

Зимни супоридани ҷоизаҳо  А. Абдуллозода  зикр кард, ки «мо умед дорем, ки дар оянда маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» беҳтарин чеҳраҳоро дар  сиёсати идоракунии давлатӣ  ва  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯи кор  меорад. Пайравӣ аз Пешвои миллат масъулияти бениҳоят бузург аст   ва аввалин шаҳодатномаи пайравони Пешвои  миллат   насиби Шумо — ҷавонони хуштолеъ мегардад. Мисли Пешвои миллат барои  халқу Ватан хизмат карданро сармашқи кори худ қарор диҳед».

Дар навбати худ  ҷавонон   баромад намуда,  миннатдории худро ба ташкилкунандагони курсӣ омӯзишии «Ҷавонон  пайрави  Пешвои миллат»  миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки дар   пайравӣ ба Пешвои миллат  барои рушди  Ватан  содиқона хизмат  мекунанд.

Манбаъ: Сомонаи Тоҷикистонтаймс

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нигина Амонкулова удостоена звания Народной артистки Узбекистана

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев присвоил почетное звание Народной артистки Узбекистана знаменитой таджикской певице Нигине Амонкуловой. Об этом сообщила пресс-служба главы республики. Помимо Нигины, звание Народных ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: