Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

0
2 060 просмотров

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки соати 18:00-и рӯзи 4-уми июли соли 2021, гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бидуни амалиёти ҷангӣ ишғол намуданд.

94 нафар низомиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, дар минтақаи «Шоҳон»-и Отряди сарҳадии «Ш.Шоҳин» марзи давлатиро гузаштанд ва вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

Сарҳадбонони тоҷик бо зоҳир кардани ҳусни башардӯстӣ ва муносибати неки ҳамсоядорӣ ба низомиёни неруҳои давлатии Афғонистон иҷозат доданд, ки ба қаламрави Тоҷикистон дохил шаванд.
Бо назардошти вазъи мураккаби минтақаи зикргардидаи сарҳади давлатӣ эҳтимолияти идома ёфтани убури низомиёни ҶИА ба ҳудуди Тоҷикистон ҷой дорад.

Айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Табиати зинда

Буриши ғайриқонунии дарахтон ҷангалро хароб мекунад ва онро барои харобкориҳои баъдӣ осебпазир месозад. Шикори ғайриқонунӣ пайомадҳои манфии дарозмуддат барои навъҳои дар хатари нобудӣ қарордошта ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: