Маъмурияти дипломатии Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон анҷом ёфт

0
2 367 просмотров

22 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Камилов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомиро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тошканд ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Абдулазиз Камилов ба саҳми шахсии Сафир дар рушди пайдарпайи ҳамкории созандаи ду кишвар баҳои баланд дод.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ, инчунин ҷанбаҳои амалии татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи баланд бадастомада баррасӣ шуданд.

С.Имомӣ дар навбати худ барои кумаки ҳамаҷониба дар фаъолияти ӯ ба ҳайси роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон изҳори сипос намуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Белпойҳо метавонанд то 45 сол умр бинанд

Белпойхо як гурӯҳи ширхӯрҳои обӣ. Танашон дукшакл буда, бо пашми кӯтоҳи бетибит (ба ғайр аз гурбаи обӣ) пӯшида шудааст. Думи кӯтоҳ ва пойҳои панҷадори белшакл доранд. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: