Маъмурияти дипломатии Сафири Италия дар Тоҷикистон ба анҷом расид

0
1 979 просмотров

6 июл мулоқоти видеоии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Тошканд Андреа Бертотсӣ бино бар ба поён ёфтани маъмурияти дипломатиаш барпо гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ба Андреа Бертотсӣ барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкории дуҷониба миннатдорӣ баён намуд.

Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо инчунин аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда, аз ҷумла вохӯриҳо дар сатҳи олӣ ва баландро, пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари вобаста ба ҳамагирӣ таъкид карданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳамватанон даъват намуд, ки танҳо ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз ҳамватанон даъват ба амал овард, ки ба маълумоти бардурӯғ ва беасос вобаста ба даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмати ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: