Мактабҳо дар Хуҷанд аз ҳисоби буҷет таъмир мешаванд

0
6 251 просмотров

Аз оғози соли хониши нави 2017-2018 аз волидайни тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд барои таъмиру тармими мактабу кӯдакистонҳо аз ҷониби масъулини ин муассисаҳо маблағпулӣ ситонида намешавад. Минбаъд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки  таъмиру тармими мактабу кӯдакистонҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷавии шаҳрӣ ба анҷом расонад. Дар ин бора Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баргузории нишасти матбуотӣ таъкид намуд. Инчунин қайд гардид, дар мактабу кӯдакистонҳои шаҳр наздики  89 фисади корҳои таъмири синфхонаҳо  ба анҷом расидааст.  Ҳамчунин соли равон дар арафаи соли хониши нав дар маҳаллаи 8-и маркази вилоят боз як мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1296 хонанда ба истифода дода мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз номи мардуми тоҷик ба мардуми Туркия изҳори таслият кард

9 феврал Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар  сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: