Мақоми аввали хонандагони Хуҷанд дар вилоят

0
3 986 просмотров

Дар соли таҳсили 2017-2018 дастаи мактаббачагони шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи вилоятӣ (синфи 11, анъанавӣ) ба гирифтани 36 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд ва ба Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 26 нафар хонандагони синфи 11 барои иштирок роҳхат гирифта, аз онҳо 21 нафарашон комёб гардиданд.

Дар Олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои дақиқ барои синфҳои 5-8-ум аз фанҳои математика, химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ 93 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, 51 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 14 нафар хонандагони синфҳои 5-8 иштирок намуда, барои гирифтани 10 ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Дар ҷамъбаст дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр барои гирифтани 31 ҷойи ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ноил гардиданд, ки ин нишондиҳанда ҷойи аввал байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.

Манбаъ: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сколько спят миллиардеры: режим сна самых богатых людей, который стоит перенять

Разбираем ежедневный график успешных бизнесменов и топ-менеджеров и выясняем, насколько их привычки полезны для здоровья. Часто успешные и богатые люди становятся таковыми не только благодаря ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: