Дар Боғи фарҳангӣ вафароғатии «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд лавҳаи ёдгории бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи Барқии Атомии «Чернобил» гузошта мешавад. Ин лавҳаи ёдгорӣ бахшида ба 30 солагии садама дар ин неругоҳ бунёд шуда, ҳадаф аз он пос доштани хотири иштирокчиёни бартараф намудани садамаи неругоҳи атомии Чернобел арзёбӣ карда мешавад. Тавре маълум аст, аз шаҳри Хуҷанд дар корҳои бартараф намудани ин садама 120 нафар ширкат намуда, алҳол дар рӯйхати муассисаҳои тиббӣ номнавис шудаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳи иштирокдорони баратараф намудани ин офат бо гузоштани нома барои наслҳои оянда ва санги асос, сохтмони лавҳаи ёдгорӣ барои иштирокчиёни бартараф намудани садамаи Чернобил шуруъ гардид. Лавҳаи ёдгорӣ бо хиссагузории Ташкилоти Ҷамъияти Иттифоқи иштирокдорони баратараф намудани садамаи Неругоҳи Чернобил ва Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ба маблағи умумии беш аз 100 ҳазор сомонӣ бунёд мешавад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод,ки бунёди ин лавҳаи ёдгорӣ бояд дар арафаи 30-юмин солгарди садама дар неругоҳ атомӣ ба анҷом расонда шавад. Дар ин бора http://www.khujand.tj/tg/arhiv/1278-lavha хабар медиҳад.
Дар пойтахт Мусобиқаи якуми байналмилалӣ оид ба таэквондо WT баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи якуми байналмилалӣ оид ба таэквондо WT барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар рақобатҳои даставии он Тоҷикистон мақоми ...


Нет комментариев