Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад: рӯзҳои наздик ҳарорати ҳаво беш аз 40 дараҷа хоҳад шуд!

0
6 760 просмотров

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар дар ҷумҳурӣ аз 12 то 15 майи соли равон ҳаво гарм шуда, дар водиҳо ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо бештар аз 40 дараҷаро ташкил медиҳад.  Гармшавии ҳаво ба обшавии пиряхҳо ва барфҳои кўҳҳо оварда мерасонад, ки ин сабаби баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва фаромадани сел, ярч ва сангрезаҳо мегардад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рўзҳо зимни гузаштан аз роҳҳои кўҳӣ эҳтиёткор бошанд ва тибқи тавсияҳои зерин амал кунанд: Дар вақти гармии шадиди офтоб аз соати 13 то 16 бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Агар зарур бошад, дар соя гардиш кунанд. Барои ҳимоя аз гумшавии оби бадан зарур аст рӯзе аз 1,5 то 3 литр об нӯшанд. Дар гармо ба кӯдакон бештар бояд таваҷҷуҳ кард, зеро бадани кӯдакон ба гармӣ назар ба калонсолон хеле ҳассос аст. Шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бояд хеле эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо ва ҳавзу обанборҳо ҳатман риоя кунанд.

Манбаъ: www.khovar.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Шутери дӯстдошта ба геймер (ҳаводори бозиҳои компютерӣ), ки ҳафт маротиба мағзи сараш ҷарроҳӣ бардошта буд, барои шифоёбӣ кӯмак расонид

Шутери маъмули Destiny барои дар муддати кӯтоҳ шифо ёфтани бозигаре, ки мағзи сараш дар давоми 11 моҳ, ҳафт маротиба ҷарроҳӣ гардида буд, кӯмак расонидааст. Дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: