Коронавирус сартосари Эронро фаро гирифт

0
2 495 просмотров

Маризии сироятии коронавирус ба тамоми манотиқи Эрон доман задаст, изҳор доштаст раисҷумҳури ин кишвар Ҳасани Руҳонӣ.

Ӯ афзудаст, ки Эрон кӯшиш мекунад, то дар ояндаи наздик бӯҳрони коронавирусро бо талафоти ҳадди ақал бартараф кунад.

Ба изҳори Руҳонӣ, феълан ин маризӣ дар тамоми минтақаҳои Эрон паҳн шудаааст ва Вазорати беҳдошти кишвар низ танҳо маълумотҳои охиринро дастраси мардум кунад.

«Аз он рӯзе, ки ин маризӣ пойбанди кишварамон гардид, ба Вазорати тандурустӣ супориш додам, ки фақат маълумотҳои дақиқ ва сареҳро вобаста ба ин беморӣ ба мардум расонанд, то ҳамагон огоҳ бошанд». — илова намудаст Руҳонӣ.

Феълан дар Эрон беш аз 2,5 ҳазор нафар дардманди ин маризӣ буда, наздики 100 кас бар асари мубталошавӣ ҷон бохтанд.

Манбаъ: https://sputnik-tj.com

Нет комментариев

Также рекомендуем

Клиентам из Таджикистана разрешили удаленно открывать карты российских банков

Власти России утвердили перечень стран, финансовые организации которых вправе удаленно открывать своим гражданам и иностранцам карты российских банков и счета в них. В список вошли все центральноазиатские республики бывшего ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: