Кэтрин Эспин — «Зебосанами ҷаҳон- 2016»

0
4 977 просмотров

Дар Филиппин озмуни «Зебосанами ҷаҳон- 2016» баргузор гардида, ғолиби он Кэтрин Эспин аз Эквадор дониста шуд. Шоҳҷоизаро ба Кэтрин Эспин ғолиби озмуни «Зебосанами ҷаҳон-2015» намоянда аз Филиппин Ангелия Онг тақдим намуд. Дар ин озмун тамоми мақомҳои ифтихориро намояндагон аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ соҳиб гардиданд. Ҷойи дуюмро намоянда аз Колумбия — Мишел Гомес, зинаи сеюмро шаҳрванди Венесуэла Стефания де Зорзи ва мақоми чорумро Брюна Занардо касб намуданд. Ғолиби озмуни «Зебосанами ҷаҳон- 2016» Кэтрин Эспин ба ҳайси намоишгари либосҳо ифои вазифа карда, изҳор дошт, ки ӯ аз тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон нигарон мебошад. Эспин илова кард, ки маҳз ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин мушкили сайёра барои иштирок дар озмун розӣ шудааст.

Манбаъ: http://jahonnamo.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бузпарвари таърихи 8 ҳазор сола дорад

БУЗ , моиз, ҳайвонест хонагии нуфтсум. Бино ба таснифоти зоологи ба гурӯҳи ширхурон (оилаи ковокшохон) мансуо аст. Буз яке аз аввалин ҳайвонҳои хонагист. Аксар олимон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: