Кӯмаки бузурги Конор ба беморхонаҳои Ирландия

0
2 132 просмотров

Собиқ қаҳрамони UFC дар ду вазн, Конор МакГрегор тамоми беморхонаҳои Ирландияро бо таҷҳизотҳои муҳофизатӣ ва дезинфексиони барои мубориза бо коронавирус таъмин намудааст.

Дар ин бора ҳамсари варзишгар Ди Девлин дар саҳифаи Instagram хабар медиҳад.

Тавре, ки Ди Девлин дар саҳифааш менависад : «Ман аз ту хеле ифтихор мекунам, Конор! Ман худам солҳо дар беморхона кор мекардам ва медонам, ки ҳаёти табибон барои ҳифзи ҳаёти мо чӣ қадар душвор аст. Таъмини онҳо бо тамоми воситаҳои зарурӣ барои мубориза ба ин бемории даҳшатнок ва ҳимояи онҳо ҳангоми иҷрои вазифа амали наҷиб аст”

Тибқи маълумоти ТУТ, то 15 апрел дар Ирландия тақрибан 12 ҳазор ҳолати сироятёби ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки 320-нафар аз гирифторшудагон фавтидаанд.

Манбаъ: https://pressa.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар ДДҲБСТ ихтисоси маркетинг дар комплекси агросаноатӣ ба роҳ монда мешавад

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ояндаи наздик ба роҳ мондани ихтисосҳои маркетинг дар комплекси агросаноатӣ, экологияи агросаноатӣ (кишоварзӣ) ва якчанд ихтисоси омӯзгорӣ, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: