Аз санаи 11 то 17 июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти шиори «Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман» гузаронида мешавад. Ба иттилои Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар ин Фестивал ҷавонон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар назар аст, ки дар Фестивали дӯстии ҷавонон намояндагони ҷавонони кишварҳои Русия, Украина, Қирғизистон ва Эрон низ иштирок намоянд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълонҳои бардурӯғ оид ба мусоидат ...


Нет комментариев