Иштироки 214 хонанда дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

0
4 347 просмотров

Хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар нуҳ моҳи соли равон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ ва як қатор олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Аз ҷумла, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ 327 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ширкат варзида, аз онҳо 139 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.

Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ 214 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд. Аз ин теъдод 11 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва 161 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ мебошанд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилоят беш аз 900 муассисаи таҳсилоти умумӣ мавҷуд буда, дар онҳо 533 692 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Выбираем кофеварку

Одно из самых распространенных женских желаний — кофе в постель. Звучит заманчиво, но не все мужчины смогут быстро сделать вкусный ароматный напиток, который можно было ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: