Имрӯз то 43 дараҷа гармӣ дар назар аст

0
7 801 просмотров

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 19 то 21 дараҷа ва рӯзона аз 41 то 43 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешбинӣ гардидааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 15 то 20 дараҷа ва рӯзона аз 32 то 37 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона аз 20 то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 21 то 26 дараҷа ва рӯзона аз 41 то 46 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯйи гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 21 то 26 дараҷа ва рӯзона аз 38 то 43 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 17 то 22 дараҷа ва рӯзона аз 38 то 43 дараҷа гарм мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Tcell» варзишгарони тоҷикро ҷиҳати иштирок дар Универсиадаи ҷаҳонии зимистона дастгирӣ кард

29 январ дар шаҳри Алмато маросими ифтитоҳи  28-умин Универсиадаи ҷаҳонии зимистона баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Универсиада се варзишгар муаррифӣ мекунанд, ки дар намуди ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: