Иҷозатномадиҳӣ дар Тоҷикистон осонтар мешавад

0
2 965 просмотров

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ»-ро маъқул шуморид.

Зимни шарҳи тағйироту иловаи мазкур ба ҳамтоёни худ вакил Толиббек Бухориев қайд кард, ки онҳо ба соддатару осонтар кардани машғул шудан ба тиҷорат аз ҷониби шаҳрвандони ҷудогона, шахсони ҳуқуқӣ ва сармоягузорон нигаронида шудаанд.

«Мутобиқи тағйироту илова, номгӯи рӯйхати гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ дар бахшҳои аудит, аудити экологӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард, рондани чорво ба воситаи роҳҳои автомобилгард, ниҳолшинонӣ қад-қади ҷуйбор (канал) ва ҳавзу обанборҳо ба миқдори 30% кам карда мешавад», — иброз дошт вакил.

Дар ин бора news.tj хабар медиҳад. http://news.tj/tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Apple объявила дату презентации iPhone 16

Apple объявила дату своего следующего крупного мероприятия: 9 сентября 2024 года в 13:00 по восточному времени или 20:00 по московскому. Презентация под слоганом «It’s Glowtime» пройдёт в ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: