Хуҷанд — узви Ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим»

0
3 908 просмотров

Шаҳри Хуҷанд аз тарафи Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» ба узвияти комилҳуқуқ пазируфта шуд.

Дар ин бора гувоҳномаи узвият аз ҷониби ин ташкилоти бонуфузи умумиҷаҳонӣ ирсол гардид, ки он рӯзи гузашта аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Шаҳри Хуҷанд метавонад бо узвияташ дар Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» аз имконот ва захираҳои шаҳрҳои узви  он васеъ истифода барад ва равобити тиҷоратии хешро тавсеа бахшад.

Бояд қайд намуд, ки Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим»  дар соли 2015 дар минтақаи махсуси Гонконг таъсис дода шуда, он ширкатҳои бузургтарини 36 давлатро муттаҳид месозад.

Манбаъ: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Шаҳрвандони дар эҳтиётбуда низ сипари ватананд

Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи омодабошии мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва сатҳи тайёрии ҳарбии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор дошта, дар асоси фармонҳои Вазири мудофиа-муовини аввали Сарфармондеҳи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: