Хуҷанд ба шаҳри гулзор табдил меёбад

0
9 740 просмотров

Дар Хуҷанд 1 миллион дона гул шинонида мешавад. Аз ҷониби масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба коштани беш аз 70 ҳазор тухми лола оғоз карда шуд ва интизор меравад, ки ин лолаҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи аҷам шаҳрро зеб мебахшанд. Масъулини гармхонаи муасисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии КВДК “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки ҳоло 200 ҳазор тухмии гулҳои ороишӣ тайёр шуда, ба шукуфтан оғоз кардааст. Тухмии гулҳои ороишӣ давоми 20-25 рӯз омода мегардад, баъдан онро дар зарфҳои хурд дар ҳарорати 26-27 дараҷа гарм парвариш мекунанд. Ин гулҳо мавсимӣ буда, баъди шинонидан вобаста ба ҳаво давоми ду моҳ ва зиёда аз он  кӯчаҳоро зеб медиҳанд. Дар ин гармхона беш аз 10 номгуйи гулҳои ороишӣ аз қабили Петуния, Катарантус, Салвия, Марҷонгул парвариш меёбад, ки ба обу ҳавои шаҳри Хуҷанд мувофиқ карда шудааст. Дар умум гуфта мешавад, ки давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 1 миллион дона гулҳои ороишии мавсимӣ, марҳила ба марҳила шинонида мешавад. Ҷоиз ба зикр аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи мардум ба гулҳои ороишӣ бештар шудааст ва завқи зебоипарастии мардум боло рафтааст.

 

 

Манбаъ: сомонаи расмии МИҲД-и шаҳри Хуҷанд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Худжанд: Килограмм говядины – 38 сомони

На центральном рынке города Худжанда заработал ларек по продаже мяса. Цена одного килограмма говядины в этой точке составляет 38 сомони. Ларек по продаже мяса открыт ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: