Гризманн гуфт, ки “Атлетико” охирин дастаи ӯ дар Аврупо хоҳад буд

0
939 просмотров

Антуан Гризманн гуфт, ки “Атлетико Мадрид” охирин дастаи ӯ дар Аврупо хоҳад буд.

— Шумо гуфтед, ки мехоҳед шартномаатонро тамдид кунед ва корномаи футболбозиатонро дар Аврупо дар «Атлетико» ба анҷом расонед.

-Бале, ҳамин хел гуфтам. Ман медонам, ки даста омода аст кӯшиши худро ба харҷ диҳад. Мо дар бораи он гап мезанем.

Пас аз Аврупо ман мехоҳам дар MLS бошам, ман ҳамеша инро гуфта будам. Аммо «Атлетико» 100% охирин тими ман дар Аврупо аст. Ман мехоҳам ин ҷо бошам. Дар ин ҷо ман худро хушбахт ҳис мекунам. Инҷо хонаи ман аст» гуфтааст, ҳамлагари 32-сола.

Ёдовар мешавем, ки Гризманн дар ин мавсим дар 24 бозӣ дар ҳайати “Атлетико” 16 гол задааст.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Домашняя работа разрушает наших детей?

Домашняя работа действительно оказывает влияние на молодых студентов — но не хорошее. ХИЗЕР ШУМЭКЕР. Интернет портал adme.ru опубликовал материал с заголовком «Домашние задания признали вредными для детей». Он ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: