Гирифтани пора барои омода кардани билети ҳарбӣ

0
6 258 просмотров

Ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки ёрдамчии сардори зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ш.Конибодом, марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, барои омода кардани билети ҳарбӣ ва озод намудан аз уҳдадории ҳарбӣ аз шиносаш-марди 26-солаи сокини шаҳри мазкур 1000 доллари амрикоӣ ба сифати пора талаб кардааст.

3 апрели соли равон, тахминан соати 21:30 дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ошхонаи «Меҳрангез»-и шаҳри мазкур баъди гирифтани 1000 доллари амрикоӣ номбурда бо гумони гирифтани пора дастгир гардид. Далели шайъӣ- 1000 доллари амрикоӣ гирифта шуд.

Манбаъ: Сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тарифы на электроэнергию могут повысить на 15%

Если правительство утвердит новую стоимость, то она составит для населения 19,37 дирамов за один киловатт. ОАХК «Барки точик» предложила правительству Таджикистана повысить тарифы на электрическую ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: