Гаронарзиштарин футболбозон дар таърихи варзиш

0
2 604 просмотров

Сомонаи расмии Transfermarkt рӯйхати футболбозонеро интишор намуд, ки дар таърих гаронарзишанд. Дар ин замина ситораи «ПСЖ» Неймар, ки бо арзиши 222 миллион евро ба «ПСЖ» гузариш намуда буд, қиматтарин ба ҳисоб меравад. Ҳоло таваҷҷуҳ кунед ба ҳайати пурраи гаронарзиштарин футболбозон дар таърихи варзиши рақами яки ҷаҳон.

Дарвозабон: Кепа Аризабалага (Челси), арзиш: 71 млн евро.

Ҳимоятгарон: Кайл Уокер (Манчестер Сити), арзиш: 47 млн евро, Эмерик Ляпорт (Манчестер Сити), арзиш: 58 млн евро, Вирҷил ван Дейк (Ливерпул), арзиш: 70 млн евро, Менди (Манчестер Сити), арзиш: 51 млн евро.

Нимҳимоятгарон: Родригес (Реал Мадрид), арзиш: 67 млн евро, Филиппе Коутиню (Барселона), арзиш: 112 млн евро, Пол Погба (Манчестер Юнайтед), арзиш: 94 млн евро.

Ҳамлагарон: Мбаппе (Пари — Сейнт Жермэн), арзиш: 121 млн евро, Криштиану Роналду (Ювентус), арзиш: 105 млн евро, Неймар (Пари — Сейнт Жермэн), арзиш: 222 млн евро.

Манбаъ: Точикистон таймс

Нет комментариев

Также рекомендуем

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон парвозҳои ду ширкати ҳавопаймоии Россияро манъ кард

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сибирь» ва «Северный ветер»-ро манъ кард. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» директори агентӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: