Филми мустанади «Тоҷикон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия мешавад

0
955 просмотров

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва саҳми тоҷикон дар рушди фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ таҳия ва наворбардории филми мустанади «Тоҷикон»-ро бо коргардонии Рустам Шоазимов оғоз намуда, наворбардорӣ, бандубаст, танзим, садогузориву оҳангсозии филмро идома медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Филм бо рақаму далелҳо саҳми миллати тоҷикро дар пайдоиш, рушд ва тавсеаи тамаддуни умумиҷаҳонӣ дар пардаи синамо инъикос намуда, таърих ва фарҳанги оламшумули халқи тоҷикро рӯйи сафҳаи синамо мунаққаш месозад.

Ин филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия гардида, таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва нақши тоҷиконро дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ  инъикос менамояд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сабабҳои пайдоиши ожангҳо дар атрофи чашм

Натиҷаҳои мутолиаи ахири донишмандони мушаххас мекунад, ки чаро ожангҳо(оринҷакҳо) дар атрофи чашмҳо бештар дида мешавад. Ба гузориши сомонаи “Меҳр” муҳаққиқони ҷопонӣ дар ин таҳқиқ нишон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: