Оғози рақобатҳои дзюдочиёни тоҷик дар ЧҶ-2018

0
4 111 просмотров

Дар рӯзи аввали рақобатҳои Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷараён дорад, рақобатҳо дар вазни 60 кг миёни мардон оғоз шуданд.

Дар ин маъракаи муҳташами фароҷаҳонӣ аз ҳайати мунтахаби кишвар нахустин шуда Суҳроб Боқиев ба майдон баромад. Ӯ дар даври аввал аз паҳлавони Кореяи Шимолӣ — Чой Ин Ҳюк шикаст хурда, аз идомаи сабқат маҳрум гардид.

Пагоҳ рақобатҳо дар вазни 66 кг миёни мардон сурат мегиранд. Дар ин вазн Тоҷикистонро Ёқубҷон Боқиев ва Наврӯз Каримзод муаррифӣ мекунанд. Ёқубҷон дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо варзишгари кишвари Малта Сейвел Ҷереми майдондорӣ хоҳад кард.

Наврӯз Каримзод бошад, дар даври аввал бо намояндаи Перу Хуан Постигос сабқат мекунад.

Манбаъ: Варзиш ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мода по мужски

В замечательный праздник, день защитника отечества, многие мужчины предпочитают выглядеть по особенному, кто то «при параде» (костюм, строгие брюки и рубашка) пойдет на работу, а ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: