Душанбе-мизбони бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2018

0
6 123 просмотров

Шаҳри Душанбе макони баргузории бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 байни наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-сола интихоб шуд. 21 апрел баъди қуръакашии бозиҳо ҳамгурӯҳони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон муайян мегарданд. Дар синну соли 16-солаҳо 46 даста дар ду гурӯҳ-Шарқ ва Ғарб ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар гурӯҳи Ғарб дастаҳои мунтахаб аз 6 гурӯҳи иборат аз 4 даста таркиб меёбанд. Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Непал, Қатар ва Арабистони Саудӣ мизбони бозиҳо интихоб шудаанд.

Вохӯриҳо аз 16 то 24 сентябр гузаронида хоҳанд шуд.

Миёни дастаҳои то 19-сола 44 дастаи мунтахаб ширкат менамоянд ва дар 5 гурӯҳ ба мусобиқаҳо мепардозанд. Се гурӯҳ аз панҷ даста ва ду гурӯҳ аз 4 даста таркиб меёбанд. Мизабони бозиҳои интихобӣ дар Осиёи Ғарбӣ- Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Қатар ва Арабистони Саудӣ пазируфта шудаанд. Дар Осиёи Шарқӣ низ панҷ гурӯҳ таъсис меёбанд, ки чортоаш аз 4 даста ва яктоаш аз панҷ даста иборат хоҳад буд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

20 скульптур, которые бросают вызов гравитации

Человеческое воображение безгранично, оно позволяет талантливым людям создавать удивительные вещи, такие как эти скульптуры. Некоторые из данных творений на первый взгляд противоречат законам физики и ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: