Ду филми истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷашнвораи филмҳои миллӣ дар Москва намоиш дода мешаванд

0
5 993 просмотров

Аз 17 то 24 декабр дар шаҳри Москва ҷашнвораи филмҳои миллӣ баргузор мегардад.

Тавре ки аз «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «дар ҷараёни ҷашнвора ду филми истеҳсоли Тоҷикистон- «Мушкилкушо»-и Умед Мирзоширинов ва «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов мавриди намоиш қарор мегиранд».

Ба иттилои манбаъ, намоиши филмҳои тоҷикӣ рӯзҳои 19 то 23 декабр дар толори синамои «Иллюзион» сурат мегирад. Дар баробари филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон, дар ҷашнвора намоиши филмҳои коргардонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Эстония низ дар назар аст.

Манбаъ: khovar.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба раёсати Тоҷикистон  дар Созмони ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: