Дастгир шудани раиси ҷамоат бар асари порагирӣ

0
1 869 просмотров

Раиси яке аз ҷамоатҳои шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бо суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, 21 феврали соли 2020  аз шаҳрванд Ё.З. барои аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод кардани писари номбурда — Ё.Ш. бо роҳи фиреб маблағи 2500 доллари америкоӣ талаб намуда, онро дар се ҳолат гирифтааст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад, номбурда бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд Ё.З. зарари калони модӣ расонида, аз ҷониби мақомоти зикргардида бо ҷурми гирифтани пора айбдор дониста мешавад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба айбдоршаванда  бо моддаи 247, қисми 3, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтиши пешакии он идома дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Либоси тоҷикӣ дар СММ «беҳтарин» дониста шуд

Шаҳноз Эроншо, намояндаи Тоҷикистон дар озмуни “Шоистатарин духтари СММ-2016” аз рӯи намуди «Беҳтарин либоси миллӣ» баранда эълон шуд. Вай мегӯяд, тоқии гулдӯзиро хоҳараш аз Тоҷикистон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: