Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо тими миллии Урдун омодагӣ мегирад

0
694 просмотров

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Урдун омодагӣ мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Баъди як рӯзи истироҳат дастаи  яккачини Тоҷикистон дар Давҳа ба тамрин шуруъ намуд. Машқҳои даста дар маркази тамринии «Al Ersaal» баргузор шуданд.

Ҳамаи бозингароне, ки ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дохил ҳастанд, дар гурӯҳи умумӣ тамрин намуданд. Нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов ба далели корти сурхе, ки дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Қатар гирифта буд, аз ҳаққи ширкат дар 3 вохӯрӣ маҳрум аст ва дар бозӣ ба муқобили тими Урдун ба майдон намебарояд.

 

ҶОМИ ОСИЁ-2023

Чорякниҳоӣ

2 феврал (ҷумъа)

Оғоз – соати 16:30 бо вақти Душанбе

ТОҶИКИСТОН – Урдун

Давҳа, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Интихоби дурусти дафтар

 Дафтар. Ашёи зарурии хониш мебошад. Хамчуни руи мизи коргарон низ дида мешавад. Новобаста аз он ки дар корхонаву ташкилотхо аз компютор истифода мебаранд, дафтар яке ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: