Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Файзканд”-и Восеъ миёни ҳам рақобат мекунанд

0
2 742 просмотров

Имрӯз бозии мавқуфмондаи марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ баргузор мегардад. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 16:00 оғоз мешавад, иттилоъ дод  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор  гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо  Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ   бо  КМВА-и шаҳри Душанбе  ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  миёни ҳам  рақобат карданд.

Пас аз натиҷагирии 22 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Истиқлол  пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 52 хол дорад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 10 хол камтар (42) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 36 расидааст, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

 

ҶОЙИ ДАСТАҲО   Б      Ғ      М      Б      Т-Т       Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  21  16  4  1  57-7  52
 2 «Хуҷанд» (Хуҷанд)  21  13  3  5  43-21  42
 3  КМВА (Душанбе)  22  10  6  6  33-26  36
 4  «Истаравшан» (Истаравшан)  22  9  5  8  24-22  32
 5 «Хатлон»(Бохтар)  22  8  5  9  23-27  29
 6  «Эсхата» (Хуҷанд)  22  8  3  11  29-40  27
 7  «Равшан» (Кӯлоб)  22  6  8  8  22-26  26
 8  «Файзканд» (Восеъ)  22  5  5  12  15-29  20
 9  «Кӯктош»(Рӯдакӣ)  22  5  5  12  31-50  20
 10 «Душанбе» (Душанбе)  22  4  6  12  21-50  18

 

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Хуҷанд узви Ассотсиатсияи байналмилалӣ шуд

Шаҳри Хуҷанд узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи байналмилалии филиали Авруосиёии ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳид ва идораҳои маҳаллӣ» шуд. Дар ин бора, дар нишасти охирини Ассамблеяи генералии ин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: