Дар Женева масоили татбиқи ташаббуси Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт

0
740 просмотров

Дар Женева мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии метереологӣ Селесте Сауло баргузор гардид.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.

Зимни  вохӯрӣ ҷонибҳо масоили тағйирёбии иқлим, гидроэнергетика, ҳифзи муҳити зист, омӯзиши пиряхҳо, инчунин раванди татбиқи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ӯзбекистон бо сабаби хуруҷи штамми нави коронавирус иртиботи ҳавоиро бо чанд кишвари Иттиҳоди Аврупо мебандад

Ӯзбекистон аз 21 декабри соли 2020 то 10 январи соли 2021 иртиботи ҳавоӣ (парвозҳои воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ) -ро бо Британия, Италия, Германия, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: