Дар Суғд озмуни вилоятии «Турсунзодахонӣ» доир мешавад

0
3 006 просмотров

Бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва дастгирии Раёсати маорифи вилоят байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмуни вилоятии «Турсунзодахонӣ» баргузор мегардад.

Тавр аз шуъбаи иттилоот ва таҳлили Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмун дар се давр: мактабӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ баргузор мегардад.

Дар озмун тамоми хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аъзои маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят, новобаста аз синну сол ҳаққи иштирок доранд. Озмун дар 3 бахш баргузор мегардад.

Даври вилоятии озмун 1 май дар Муассисаи давлатии «Мактаб барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд» ба нақша гирифта шудааст. Ғолиби асосии озмун бо Шоҳҷоиза ва туҳфаи арзишманд қадршиносӣ мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 16.01.2024

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.9509 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: