Дар Суғд ба маблағи зиёда аз 2 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд

0
7 098 просмотров

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар семоҳаи аввали соли равон рушди соҳаи саноати вилояти Суғд таъмин гардида, корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи зиёда аз 2 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

korhonai-sanoati

Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳо 145,1 фоизро ташкил дода, аз 116 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-марти соли 2017 истеҳсоли 71 номгўй (61,2 фоиз) афзуда, 28 номгўй (24,1 фоиз) кам шуда, 17 номгўй (14,7 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

Зимнан, дар ин давра 7 корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ намуда, 112 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.

Манбаъ: http://sugd.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Теъдоди фаввораҳои шаҳри Хуҷанд ба 25 адад расид

Дар шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ ва корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: