Дар Суғд 2,6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт

0
3 142 просмотров

Дар ибтидои соли 2015 ба нақша гирифта шуда буд, ки дар вилояти Суғд дар маҷмӯъ 146 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис дода мешавад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 11 моҳ дар миқёси вилоят 157 корхонаву коргоҳҳои нав бо 2,6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Ба иттилои масъулини Шӯъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корхонаҳои таъсисдодашуда асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабукро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намудаанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Раиси вилоят иттилоъ медиҳанд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Месси мечтает о победе на Чемпионате Мира

Капитан сборной Аргентины Лионель Месси выразил надежду, что ему удастся выиграть Чемпионат Мира до завершения карьеры. «Победа на мундиале стала бы высшей точкой карьеры. Это моя самая большая мечта, которую ещё предстоит осуществить. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: