Дар ноҳияи Вахш Коллеҷи аграрӣ бунёд мегардад

0
1 161 просмотров

Корҳои сохтмонии бинои Коллеҷи аграрӣ дар Ҷамоати деҳоти «Рӯдакӣ»-и ноҳияи Вахш бомаром идома доранд. Коллеҷи мазкур  аз чанд бинои 4 ва 5-қабата иборат буда, барои се ҳазор донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Инчунин дар ин ҷо хобгоҳ барои 1200 хонанда ва  60 манзили истиқоматии хизматӣ барои  омӯзгорон бунёд меёбад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни  корҳои ободонию созандагӣ, сохтмони иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дода,  нахуст бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар  бинои Коллеҷи аграрӣ шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 48 милиону 912 ҳазор сомонӣ сохта мешавад.

Мақсад аз бунёди Коллеҷи аграрӣ таъмини соҳаи кишоварзӣ бо мутахассисони касбӣ буда, синфхона, хобгоҳ, ошхонаи он  бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.  Масоҳати замин барои сохтмони коллеҷ қариб 8 гектарро ташкил дода, харҷномаи умумии лоиҳа 149 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки бо сафари дӯстона ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: