Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар тамоми 22 маҳаллаҳои шаҳр ва кӯчаю биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ тантанаҳои наврӯзӣ бо гузоштани деги суманак доир гашта истодааст. Назар ба маълумоти шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои мақомоти маҳаллӣ дар рӯзҳои таҷлили ин иди аҷдодӣ дар тамоми кӯчаю маҳаллаҳо 100 деги суманак пухта мешавад.
Дар баробари ин ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро соҳибкорону саховатмандон дастгирӣ намуда, хатнатӯйии кӯдаконро аз оилаҳои ниёзманд баргузор хоҳанд кард.
Ҳамзамон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст ба наздик ду ҳазор шахсони эҳтиёҷманд кӯмаки яквақтаи моддӣ расонда онҳоро аёдат намояд.
Официальный курс валюты на 02.11.2018
Национальный банк Таджикистана (НБТ) 02.11.2018 года с целью бухгалтерского учета и оплаты таможенной пошлины определилофициальный курс иностранной валюты по отношению к сомони. 1 доллар США = ...


Нет комментариев