Дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон кодҳои QR ҷорӣ мегардад

0
1 328 просмотров

«Мо болои таҳияи кадастри нави мавзеъҳои  сайёҳӣ дар Тоҷикистон кор карда истодаем, ки дар он кодҳои QR бо иттилооти зарурӣ насб карда мешаванд». Чунин гуфт Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Тоҷиддин Ҷӯразода тазаккур дод, ки дар чаҳорчӯби рақамисозӣ навсозӣ ва такмили харитаҳои роҳ, ки бо кодҳои QR  фаъолият мекунанд, дар назар аст.

«Соли гузашта масъалаи рақамисозии дайри буддоии «Аҷина-теппа» бо сафоратҳои Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуда буданд. Сайёҳон ва пайравони буддизм пас аз расидан ба он ҷо метавонанд аз кодҳои QR истифода баранд. Имконият дорем ва онро бо захираҳои молӣ тақвият медиҳем», — афзуд Тоҷиддин Ҷӯразода.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки соли 2022 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намудаанд, беш аз   296 ҳазор нафарро сайёҳон  ташкил медиҳанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 15,5 фоиз камтар аст.

Зикр гардид, ки алҳол дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ  300 субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла  182 меҳмонхона,  29 ҳостелҳо  ва мотелҳо, қариб 50 осоишгоҳ, 7 осоишгоҳҳои кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 8 марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои  солимгардонӣ, 7 хонаи истироҳатӣ, ду пансионат ва кемпинг, инчунин чор пойгоҳи сайёҳӣ ва  истироҳатӣ  ба хизматрасонии сайёҳӣ машғуланд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2018» оғоз меёбад

Пагоҳ дар Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» оғоз меёбад. Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: