Дар Индонезия заминларза бо қувваи 6,8 дараҷа ба амал омад

0
739 просмотров

Дар ҷазираи Талауди Индонезия заминларза бо қувваи 6,8 дараҷа сабт гардидааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Маркази зилзилашиносии Аврупо ва баҳри миёназамин хабар додааст.

Маркази ҳодисаи табиӣ дар километри 171-уми ҷанубу шарқи шаҳри Генерал-Сантоси Филиппин ҷойгир буд, ки дар он тақрибан 679 ҳазор нафар зиндагӣ менамоянд. Манбаъ дар умқи 91 км ҷойгир будааст.

Дар хусуси осебдидагон ва харобиҳо маълумот мавҷуд нест. Таҳдиди сунамӣ низ эълон нашудааст.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аксияи идона барои бонувони донишгоҳ

Ба муносибати Рӯзи модар дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабиниҳо идома дорад. Субҳи имрӯз бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар  тамоми факултетҳо  ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: