Дар Facebook аломатгузории ахбори шубҳаовар оғоз ёфт

0
3 899 просмотров

Facebook функтсияи наверо ба кор даровард ва тавассути он истифодабарандагоне, ки ба амиқу дақиқ будани ин ё он иттилои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба табъ расида шубҳа доранд, дар ин бора ба сомона хабар расонида метавонанд. Якҷоя бо қайди гузошташаванда, ки дар хонанда эҳсоси шубҳаро ба вуҷуд меорад, нишони махсус гузошта мешавад. Ин нишон ба он ишора хоҳад кард, ки ахбори пешниҳодшуда бардурӯғ аст ва ё асоси воқеӣ надорад.

Ба истифодабаранда кофист, ки дар як канори ин гуна маводи хабарӣ ягон аломат гузорад, то ки маълумоти шубҳаоварро ҷудо намояд. Сипас то чӣ андоза далелнок  будани ин он аз ҷониби экспертҳо санҷида мешавад. Агар онҳо хабари санҷидаашонро шубҳанок ҳисобанд, пас бо аломати махсус ва шарҳу эзоҳ смс-паёмаке пайдо мешавад, ки хабар ба ҳақиқат мувофиқ нест.

Хотиррасон мекунем, ба қарибӣ дар Facebook аз санҷишгузаронии дислайкҳо сар шуда буд, ки ҳоло танҳо дар шакли смайликҳо пешниҳод шудааст ва чуноне намояндагони шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ медиҳанд, онҳо бо лайкҳои муқаррарӣ рақобат карда наметавонанд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 01.04.2022

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 12.9600 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: