Дар Душанбе оид ба масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

0
407 просмотров

Масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои асосии мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини президенти ширкати «PowerChina Group» Чен Гуанфу буд, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби технологияҳои муосир ва рушди инфрасохтори энергетикии мамлакатро баррасӣ намуданд.

Хусусан масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон дар меҳвари мулоқот қарор гирифт. Дар ин замина, ҳамсуҳбатон раванди корҳои то имрӯз анҷомдодашуда, натиҷаҳои марҳилаҳои омодасозии лоиҳа ва дигар ҷузъиёти иқтисодиву техникии вобаста ба татбиқи ин лоиҳаро муҳокима намуданд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Таърихи зиндагии як писарак

Ӯ санаи 18-уми октябри соли 1960-ум дар  Брюссел, дар оилаи  муҳосибони белгиягӣ таваллуд шудааст. Аз лаҳзаи таваллуд ӯ писараки заифу гирёнчак буд ва ҳамеша дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: