Чемпиони Ҷоми КОНКАКАФ маълум гардид

0
4 660 просмотров

Дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба футбол қаҳрамони Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ шуд. Дар бозии финалӣ, мунтахаби ИМА тими Ямайкаро шикаст дода, унвони қаҳрамониро ба даст овард. Бозии финалӣ дар варзишгоҳи “Левайс” –и шаҳри Калифорнияи ИМА баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи амрикоиҳо хотима ёфт. Дастаи мунтахаби ИМА маротибаи 6-ум дар таърихи мавҷудияташ соҳиби Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ гардид. Дар мусобиқоти мазкур мунтахаби Мексика аз ҳама бештар 10 маротиба ғалаба кардааст. Мунтахаби Ямайка маротибаи дуюм пай дар пай дар финали мусобиқоти мазкур ноком мешавад. Соли 2015 дар бозии ҳалшаванда, Ямайка аз тими Мексика бо ҳисоби (1:3) шикаст хурда буд.

Манбаъ: сомонаи расмии телевизиони «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сборная героев 1/4 финала ЧМ-2018

Тибо Куртуа Голкипер «Челси» в очередной раз напомнил миру, что он один из лучших в своём амплуа. Сборная Бельгии сумела удержать преимущество над бразильцами во ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: